Хубон чу ханда бар ман бетоб карда анд
Дардами даво ба шарбат унноб карда анд
Дар зери абрӯяти сафи мижгони зи роҳи куфр
Баргаштаанд ва рӯй ба миҳроб карда анд
Фориғ нишин ки он мижаҳои баҳонаи ҷӯ
Хӯн хӯрдаанд то дили мо об карда анд
Хокистарӣ ки мондаи зи парвонаҳои шамъ
Равшани дилони базми ту симоб карда анд
Осӯдагони сояи шамшери нози ту
Аз сар кашида дасту дамӣ хоб карда анд
Гоҳе шиноварони умеди висоли ту
Беруни сиррии зи равзан гирдоб карда анд
Девонаҳо ки дил ба ҳавои ту баста анд
Бунёди хона дар раҳ сайлоб карда анд
ё раб ба доғу дард ҷудоӣ шаванд асир
Онон ки манъи хотир қассоб карда анд