зи таъсири муҳаббати сӯхт дар дили кӣнаи ошиқ ро
зи оҳи оташин гармаст лаб то синаи ошиқ ро
Ба мо сартосар ҳар ҳафта май хӯрдан шгўн дорад
намебошад тафовути шанбеу одинаи ошиқ ро
Ниёзу нозро чун шеру шукр дар забон дорад
Буд бо ҷони баробари қосиди деринаи ошиқ ро
зи шухии танг дар бар акси ҷононро кашад ҳар дам
намебошад рақибии бадтар аз ойӣнаи ошиқ ро
Барои зеби тани қассоб бар болои қурбонӣ
Буд беҳтари зи атласи хирқаи пашминаи ошиқ ро