Дар хӯни ҷигари ҳамчу ҳубобаст дили мо
Аз ним нафаси оҳ харобаст дили мо
Мо тоби туфи шуъла рухсор надорем
Аз як нигаҳи гарм кабобаст дили мо
То аз назари марҳамат ёр фитодем
Чун шишаи холии з шаробаст дили мо
Омад ба нишони тири ту чандон ки ту гӯйӣ
Дар зери пару бол уқобаст дили мо
эй шӯх дар он шаҳр ки дилдор ту бошӣ
Ар касрати дил дар чаҳ ҳубобаст дили мо
Осӯдаи зи тӯфон ва канорем дар ин баҳр
Монанди садаф дар таҳ обаст дили мо
Дорем намӯду асар аз буд надорем
Дар бодия монанди саробаст дили мо
Раҳи давру рафиқони ҳамаи рафтанд ба манзил
Фарёд ки шуд рӯз ва ба хобаст дили мо
Қассоби сад афсӯс ки дар пардаи ғлФт
Умрӣаст ки дар зер ниқобаст дили мо