Ишқ бедардисар наме бошад
Баҳр бешўрўшр наме бошад
Накунад ҷо ба ҳар дилии ғами дӯст
Ҳар садафро гуҳар наме бошад
Ошиқонро ба ҷузи шаҳид шудан
Орзӯӣ дигар наме бошад
Чаҳ кунӣ манъам аз паридани ранг
Бедилонро ҷигар наме бошад
ё бикаш ё халос кун мо ро
Сабри мо ин қадар наме бошад
Чашми резиши з ҳар хасиси мадор
Хору хасро самар наме бошад
эй дил аз диданаши з хеш бирав
Беҳтар аз ин сафар наме бошад
Ёри қассобро бихоҳад кишт
Хубтар зин хабар наме бошад