Дар дил ба ҷуз аз акси рух дӯст нагунҷад
Ғайр аз хат ӯгар ҳама як мӯаст нагунҷад
Мумтози накӯён на чунонӣ ки бигӯям
Болои ду чашмат агар абрӯаст нагунҷад
Сад гул ба сар аз доғи ту эй шамъ тавон зад
Аммо ҳамагар як гул худруаст нагунҷад
Зинҳор бипардоз дил аз меҳри ду олам
Қассоб дар ин оинаи ҷуз дӯст нагунҷад