з ҳар ҷониб ки он сарви равон хандон шавад пайдо

зи шӯри ошиқон аз ҳар тараф афғон шавад пайдо

Намак май резад аз мавҷи табассум бар дили ришам

Лаб ӯ ҳар куҷо чун писта хандон шавад пайдо

з як андоз чашмии киштии умрам табоҳ омад

Ки мегуфт аз нигоҳии ин қадар тӯфон шавад пайдо

Ба ёд лаъл мегаван ту дар хӯни ҷигари мо ро

Ба даври дидаи чандини хӯша марҷон шавад пайдо

Бидиҳ тан дар қазо , омодаи теғи шаҳодати шӯ

Чу он номеҳрбон бо ханҷар мижгон шавад пайдо

Кунад дрёншини оби ҳасрати аҳли маҳшар ро

Агар қассоб бо ин дида гирён шавад пайдо