Асирони ҷои ҳам аз хоки домани гир ҳам доранд

Чу гавҳари ҷумла дар бар ҳалқаи занҷир ҳам доранд

Нишаста ташнагони абри раҳмат то камар дар гул

Ба шакли сабзаи гардан бар дами шамшер ҳам доранд

намедонам чаҳ мақсӯдаст фарзандони одам ро

Ки афсун дар забонҳо аз пас тасхир ҳам доранд

Хушо аҳволи шавқи риштаҳои шамъи ин маҷлис

Ки доим дар забонҳо оташ аз таъсир ҳам доранд

Фиканда ишқ бар ойӣнаи дили ончунон партав

Ки пиндорӣ чу меҳру маи шукр дар шер ҳам доранд

Ба сайди хотири ушшоқи мижгонҳои ворунаш

Нишонҳо дар назар аз таркиши пуртир ҳам доранд

намедонам чаро қассоби ёрони зи худ ғофил

Зар қалбанду чашми кимиёи зоксир ҳам доранд