Пас аз дидори қосид чун фитодам дида бар коғаз

Шуд афшони бас ки ашки ҳасратами пошида бар коғаз

зи танагиҳои ҷо дорад даруни сина аз шавқаш

Нафасро бар дилам чун риштаи печида бар коғаз

Кунад то дар ҷавоби номааш ҳарфи вафои пайдо

Тиҳӣ шуд аз нигаҳи бас дида ам гардӣда бар коғаз

Кабӯтарро ба пари часбидаи мактубаши зи ширинӣ

зи шухии баси лабаш бар ҳоли ман хандида бар коғаз

зи шарҳ номаам ҳарфи муҳаббат дар миён гум шуд

Нигоҳи он дил рибо мекард то дуздида бар коғаз

зи шавқаши қосиди оташ ҳар қадам дар зер по дорад

Ту пиндории сапанд аз хол ӯ пошида бар коғаз

Набошад давр агар чун барги гул аз икдгри пошад

Ба ранги ғунча аз баси ном ӯ болида бар коғаз

Ҷавоби номаи он шӯхро қассоби хунини дил

Ҳиное карда аз бас рӯй худ молидаа бар коғаз