Субҳи висолро асар омад ҳазор шукр

Шоми фироқро саҳар омад ҳазор шукр

Дилбар расед хуррам ва мехӯрд ва бӯса дод

Нахли мурод борвар омад ҳазор шукр

Чун офтоб аз раҳи равзан ба рӯй моҳ

Нохондаам ба кулба даромад ҳазор шукр

намекардам аз сипеҳри суроғи ҳилоли ид

Абрӯии ёр дар назар омад ҳазор шукр

Аз чори мавҷи диҷлаи аздод киштӣ ам

Беруни зи варта хатар омад ҳазор шукр

Тифли сршг то сари мижгони зи дили давид

Ин наврасида бо ҷигар омад ҳазор шукр

Қассоби доғи зулфи сиёҳӣ ба дил расед

Имшаби азизам аз сафар омад ҳазор шукр