Печу тоби зулфи мишкӣнат шуда занҷирҳо
Банд бар пои монда дар занҷири зулфати шерҳо
Дардам афзӯн шуд намедонам зи ишқат чун кунам
Бо вуҷӯди он ки кардам дар ғамати тадбирҳо
Чун халосӣ кас тавонад ёфтан аз кӯй ӯ
Нақши пои мӯрро бар по наад занҷирҳо
Гар науфтад партави ҳасани ту чун зоҳир шавад
Дсткори санъати наққош бар тасвирҳо
Бахти бади қассоб ӯро давр месозад зи ту
Гарчи бисёр аз муҳаббат дидаам таъсирҳо