Ҳиҷоб аз рух чу бардорад нигоҳаш
з ҳар бедил хабар дорад нигоҳаш
Чу хори ошёни он ршги товус
Маро дар зер пар дорад нигоҳаш
Чу тири ғамзаи доим дар камон ҳаст
Чап андоз дигар дорад нигоҳаш
Маро чун шамъи сӯзону гудозон
Сари шаб то саҳар дорад нигоҳаш
Кас аз таъсир нозаш нест ҷон бар
Хаданг коргар дорад нигоҳаш
Маро аз донаи ашги андари ин боғ
Чу нахл борвар дорад нигоҳаш
зи як назора ӯ рафтам аз хеш
Мудомам дар сафар дорад нигоҳаш
Марои қассоби афканди онкӣ аз чашм
Магар аз хок бардорад нигоҳаш