Ҳазор ҳайфи казин умри панҷ рӯзаи хеш
Наёфтем ки моро чаҳ хоҳад омад пеш
Ба саъии нохуни тадбири хеш ғарра мабош
Ки уқда ҳоаст дар ин роҳи пурхатар дар пеш
Ба шаҳди биҳдаҳи дасти тамаъ дароз макун
Ба ҳуш бош ки нӯш сипеҳр дорад неш
зи по фитодаам эй подшоҳи куну макон
Ту раҳм кун зи раҳи лутф бар ман дарвеш
Нигоҳ кун ба рухи зарду ашги гулгунам
Бибин чаҳ май кашам аз дасти нафаси кофари хеш
Хушами зи мисраи ҳофиз ки гуфт эй қассоб
Чаҳ ҳоаст бар сари ин қатраи маҳоли андеш