Бидон қарор ки танро буд ба ҷони ихлос
Ба хоки пои ту мороаст он чунон ихлос
Висоли дӯсти муяссар ба сим ва зар нашавад
Агар ту толиби ёрӣ ба ҳам расони ихлос
Раҳеаст роҳи муҳаббат ки сад хатар дорад
Рисӣ ба манзил агар ҳаст корвони ихлос
На дар бақоаст умедӣ на дар фанои самарӣ
Магар ба кор дил ояд дар ин миёни ихлос
Камони ноз ба зиҳ кун ба қасди синаи ман
Миёни мо ва ту дар дил буд нишони ихлос
Тафовути ману булбули ҳамин буд ки мудом
Мароаст дрддл ва ӯроаст дар забони ихлос
Куҷои рӯм ки кунам саҷдаи ҷуз дараш қассоб
Маро ки ҳаст дар ин хоки остони ихлос