Дил ба даҳри ҳила гар додам ғалат кардам ғалат

Рафт завқ ҳастӣ аз ёдам ғалат кардам ғалат

Хирмани умрӣ ки ҷамъ оварда будам сол ҳо

Дод даҳри сифлаи барбодам ғалат кардам ғалат

зи орзӯии кӯии ширини кӯҳи исёни рӯзгор

Баст бар гардан чу Фарҳодам ғалат кардам ғалат

Ёдгор аз ман ба ғайр аз маъсият чизе намонад

Нафаси кофар буд устодам ғалат кардам ғалат

Дар чаман умрӣ надонистам ки асл ҷилва чист

Ман ҳамон дар фикри шамшодам ғалат кардам ғалат

Корӣ аз ман барнаёмад то ба кор ояд маро

Буд чун дар дили ғамати шодам ғалат кардам ғалат

Бо ҳазорон моҷаро дорад ҳамон тӯли амл

Зини ҷаҳони қассоби дили шодам ғалат кардам ғалат