Ёри ҳиҷрон вафо кунад ба ғалат

Дарди моро даво кунад ба ғалат

Ҳаст рӯй лабаш ба ҷониби ғайр

Назарӣ чун ба мо кунад ба ғалат

Донаам аз барои ҳифзи бадан

Такя бар Асия кунад ба ғалат

Дилам аз мавҷи сад хатар дорад

Дар сароб ошно кунад ба ғалат

Аз ъаноёт , ҳоҷати қассоб

Чаҳ шавадгар раво кунад ба ғалат