Гўиёи хати оризи он дили риборо карда ҳифз

Тӯтии ин ойӣнаи гетии наморо карда ҳифз

Ҷузи Хизр , умри абади дигари насиб кас нашуд

Хат ӯ сарчашмаи оби бақоро карда ҳифз

Заъфаронии сохт дар ишқи ту моро заъфи тан

Коҳи мо аз ҷазбаи ранги каҳраборо карда ҳифз

Корвони шаби гузашт аз дили фиғонии брнхост

Пунбаи ғифлат ба гӯши мо садоро карда ҳифз

Хаста ишқему дард моаст муҳтоҷи вафо

Аз раҳи шухии табиби мо даворо карда ҳифз

Нола бе тобии дил дар фалак печида аст

Шӯриш девонаам дорушшифоро карда ҳифз

Бо ризоӣ дил гузидам хоки даргоҳи ризо

Онкии қассоб аз газанди даҳри моро карда ҳифз