Лаби он шӯхи толиби илм хандонаст дар воқеъ

Чу бози ин ғунча шуд ҳолам гулистонаст дар воқеъ

Сухан бо онкӣ ӯ бо ман ба лафз хеш ме гуяд

намедонам чаро олам парешонаст дар воқеъ

Ба сари дастор май печад ва ман бо хеш ме гуфтам

Ки бар гирди сараши гардидан осонаст дар воқеъ

Миён ӯ ки дар дасти тасаввур дар наме ояд

Чаро дар дасти тасвир қлмдонаст дар воқеъ

Агар сад ҷон сетанд дар иваз бӯсӣ диҳад зон лаб

Бидиҳ бустони азизи ман ки арзонаст дар воқеъ

Намак пошаст лаълаш дар табассум бар ҷароҳат ҳо

Чаҳ шӯришҳо дар ин кунҷи намак донаст дар воқеъ

Агар на рӯй ӯ қассобро нур назар бошад

Чаро чун чашм қурбон гашта ҳайронаст дар воқеъ