Гар нахоҳӣ созадат дар базм бе миқдори ҳарф
То тавон хомӯш гардидан мазан бисёр ҳарф
Ҳарф беҷогар дуо бошад чу санг тафриқа аст
Гул ба дар зад бас ки булбул зад дар ин гулзори ҳарф
Ҳарфи ҳақ хубаст аммо сарфа дар гуфтор нест
Кард охир дар ҷаҳони Мансурро бар дори ҳарф
Баҳри дафъи харҷи дилҳоро маранҷон чун барот
То тавон бар хештани печид чун тӯмори ҳарф
Рафт сари барбод аз бисёр гуфтани хома ро
Раҳм агар бар хештан дорӣ мазан бисёр ҳарф
То шӯии эмини зи ҷаври кӯҳкан ҳамвор бош
Аз забони теша кас нишнид ноҳамвори ҳарф
Гар бигӯям ҳарфи дил май ранҷад аз ман чашми ёр
Кӣ тавон гуфтан ба пеши мардуми бемори ҳарф
Гар ҳамаи қанди мукаррар буд ҳарфат хуб нест
Пар макун қассоб назд аҳли дили такрори ҳарф