Кам хур эй равшани замир аз суфраи ду нони намак

Нест осон хӯрдани донои дил аз нодони намак

намехуранд аз бас ки бо якдигар аз рӯй нифоқ

Олимиро дар ҳақиқат карда саргардони намак

Қадари мардон бар тараф шуд зин намак нашнос чанд

То ба кӣ нӯшанд ин мардони зи номардони намак

Шарт ҳо дорад ба ҷо овардан он мушкил аст

Хӯрдан осон нест вари як зарра бо риндони намак

Луқмае бе хӯни захми дили гувороӣ ту нест

Дард агар хоҳӣ махӯр аз даст бе дардони намак

Аз барои имтиҳони нокасу кас кофӣ аст

Як сарангуштӣ ки бахшад дар бен дандони намак

Дӯш гирён мешудам қассоб аз кӯяш ки рехт

Он саропои ноз бар захми дилами хандони намак