Даҳрӣ ки аз ӯ ком раво нест чаҳ ҳосил

Ёрӣ ки дар ӯ меҳр ва вафо нест чаҳ ҳосил

ӣнҷоаст ки ҳар дил шудаи бемор ҳавоӣ аст

Дардаст фаровон ва даво нест чаҳ ҳосил

Гирам ки ба зулмот раседӣ чу Сикандар

Қисмат чу туро об бақо нест чаҳ ҳосил

Гирам ки саропои ту гавҳар шуду маъдан

Чун дар дили сахти ту сахо нест чаҳ ҳосил

Ъамома ба сар , хирқа ба бар , сбҳаҳ дар ангушт

Чун рӯй дилати сӯй худо нест чаҳ ҳосил

Дорӣ чу дили ойӣнаи иқлӣми намое

Аммо чу дар ӯ нур сафо нест чаҳ ҳосил

Бар сар наздам аз ғам ӯ панҷаи хунин

Зини боғи гулӣ бар сар мо нест чаҳ ҳосил

Аз тираи дилии роҳ ба зулфи ту набардам

Моро ба сари ин бол ҳумо нест чаҳ ҳосил

Қассоби саропоинигорам ҳама некӯ аст

Дар фикри ман бесрўпо нест чаҳ ҳосил