Мардем зи ғам то ба ту худком раседем

Аз сояи теғат ба саранҷом раседем

Хондем чу лавҳи сари хоки шуҳадо ро

Бар матлаб беМеҳрӣ айём раседем

Рӯзӣ ки буруни омада аз байзаи шавқат

Пар нозада аввал ба сар дом раседем

Дар ишқ ту гаштем дамии гарм ки чун субҳ

Аз як нафаси умр ба анҷом раседем

Бисёр тпидни надиҳади фоида дар хок

Таслим чу гаштем ба ором раседем

Бебаҳра аз он зулф нашуд гардани қассоб

Мо низ ба як ҳалқа аз ин дом раседем