Шабӣ эй ма ба побӯсат расӣдан орзӯ дорам

Ду байт аз лаъли ҷони бахшати шунидан орзӯ дорам

Нишинӣ дар бисоти дил чу шамъ ва ман чу парвона

Туро яксар ба гирди сар паридан орзӯ дорам

Сарати гирдами камони торат аз бас чошнӣ дорад

Лаби захми хадангатро макидан орзӯ дорам

Гулистонаст сар то поят эй ғоратгари дил ҳо

Гули васлӣ аз ин гулзор чидан орзӯ дорам

Ман лаби ташна қурбонат шавам дар водии ҳиҷрон

зи теғати шарбати обӣ чашедан орзӯ дорам

Чу шамъи зинда дар базми висолат то саҳари сӯзон

Сари худро ба пои хеш дидан орзӯ дорам

Чаҳ мехоҳад дигар қассоби як шаб дар сари кӯяш

Тапидани ҷон бидӯни орамидан орзӯ дорам