Сӯхтами меҳри ёрро нозам
Гармии оннигорро нозам
Хори роҳаши з гиря ам шуд сабз
Файзи ин навбаҳорро нозам
То қиёмат кашида ваъдаи васл
Тоқати интизорро нозам
Бурдан нарад ишқи ҷон бозӣ аст
Ду шаш ин қиморро нозам
Ғами офоқро ба ман доданд
Рутбау эътиборро нозам
Киштӣ ам шуд зи дидаи тӯфонӣ
Дидаи ашкборро нозам
Карда моро зи худ парешон тар
Сари зулфнигорро нозам
Санги зерини Асия шуда ам
Гардиши рӯзгорро нозам
з падар дорам ирси саҳро ро
Хона беҳисорро нозам
Хӯн дил шуд ҳаволаи қассоб
То ба ҳашари ин қарорро нозам