То карда муҳаббати ҳадафи тири ту ҷон ро
Бар қасди ман абрӯии ту зиҳ карда камон ро
Ҳайрат зада дар боғи ту чун булбули тасвир
Накушода назари сӯй ту бастем забон ро
Дар олами тасвири каси огаҳ зксӣ нест
Аз ҳам чаҳ хабари дида ҳайрат задагон ро
Бошад чу яке оинаи ин хонаи зебо
Маскан машуморед сарои гузарон ро
Бигузар зи гули айш ки гулзори таъаллуқ
Хори раҳи мақсӯд буд каъбаи равон ро
Сӯрат чаҳ пазиради зи назар бе дили равшан
Беоина дар боз макун оинаи дон ро
Аз боди такаббури сар бе мағзи тиҳии соз
Бар дӯши кашӣ чанд ту ин бори гарон ро
Бандади камари бандагии қади ту шамшод
Чун ҷилваи диҳӣ дар чамани он сарви равон ро
Қассоби ҷаҳон чун ба ъинодасту дўрнгӣ
Ҷо дода дар оғӯши баҳори ту хазон ро