Ба базми даҳри ҳарфи душманӣ ом аст ме донам
Лабӣ каз шиква накушояд лаб ҷом аст ме донам
Ҳамин бошад муяссари кимиёии васли ошиқ ро
Нишон аз ҳастӣ анқои ҳамин ном аст ме донам
Ба кори хастагон хеш мекун гӯшаи чашмӣ
Ғизои ошиқи бемор бодом аст ме донам
Макун манъами зи битобӣ ки чун симоби ошиқ ро
Нагардад ончии гирд хотрором аст ме донам
Надоранд аҳли шавқ аз ҳеҷ ҷониби роҳи беруни шӯ
Ҷаҳони мурғони дилро сурбаи сар дом аст ме донам
Махӯр то ме тавон эй дили фиреби ҷилваи дунё
Нагардад ончии ҳосил дар ҷаҳон ком аст ме донам
Тафовут нест васлу ҳиҷри ҳайрони монда ӯ ро
Ба пеши чашми аъамии субҳ , чун шом аст ме донам
Тамаъи дил аз ҳавои васли ҷонон барнаме дорад
Вагарнаи орзӯии ошиқон хом аст ме донам
зи қассоби парешон аз сару сомон чаҳ май пурсӣ
Ба қурбони ту ошиқ бесаранҷом аст ме донам