То чун нигаҳ тавон шуд давр аз миёни мардум
Зинҳор ҷо насозӣ дар хонимони мардум
Парвози гир эй дил то кӣ чу мурғи тасвир
Ҳайрони тавон нишастан дар ошёни мардум
Чашм аз занах бпушон бурдор даст аз зулф
Натавон ба чоҳ рафтан бо ресмони мардум
Аз ҳирс ҳамчун каркас то кӣ дар ин биёбон
Чашми тамаъ тавон дошт бар устихони мардум
Хокат ба дидае нафас шармӣ биор то чанд
Пар чун магас тавон зад бар гирд хон мардум
Қассоби ҳамчуи тӯтии ойӣна дар баробар
То чанд метавон зад ҳарф аз даҳони мардум