Умрӣаст саросар ки ба озори манам ман

Саргашта дар ин ҳалқаи паргори манам ман

Дар гулшани маънии гул бе хори туе ту

Пеши назари халқи ҷаҳони хори манам ман

Сарвии зи ғами фохтаи озоди туе ту

Пеши қади сарви ту гирифтори манам ман

Пеши о ки давои дили бемори туе ту

Дар ҳар ду ҷаҳони толиби дидори манам ман

Аз чашми фурӯшандаи сад фитнаи туе ту

Аз лутф назар кун ки харидори манам ман

Шаб то ба саҳари шамъи дили афрӯзи туе ту

Парвонаи пурсӯхтае ёри манам ман

Зинҳор машав пайрави ин зуҳди фурӯашон

Қассоб аз ин тайифаи безори манам ман