Дило ба кори ҷаҳони изтироб яъне чаҳ

Шудани шиновари баҳри сароб яъне чаҳ

Кашида теғи ду дами субҳ аз миён бархез

Ба зери сояи шамшери хоб яъне чаҳ

Ба даври хати нигаҳаши нашъа дигар дорад

Дар ин баҳор нахурдани шароб яъне чаҳ

Чу мавҷ бигузар аз ин баҳру чин бар абрӯи зан

Дар оби хайма задан чун ҳубоб яъне чаҳ

Ба суръат ар гузарад ёр дам мазан қассоб

Касе з умр напурсад шитоб яъне чаҳ