Ҷони ман гар шудӣ аз суҳбати ман сайр бигӯӣ

Гар шудӣ аз ман мотам зада дилгир бигӯӣ

Ту шикори афкан ва ман сайди ту беМеҳрӣ чист

Гар надории сари сайёдӣ нахҷӣр бигӯӣ

Ҳарчӣ гуфтам ба ту аз рӯй вафо нишнидӣ

Гар надорад суханами пеши ту таъсир бигӯӣ

Ин ҳамаи дӯстӣу меҳр ба ағёр чаро

Гар маро ҳаст ҷӯии пеши ту тақсир бигӯӣ

Рӯзу шаб аз ман меҳнат зада рӯи гирдоне

Ки баровардаи туро боз ба тасхир бигӯӣ

Боз агар даст биёбӣ ба висолаши қассоб

Ин суханҳо ки туро ҳаст ба тафсир бигӯӣ