Хоки рухсораш ки дил дар печ ва тоб андохта аст

Сад чу ман шӯридаро дар изтироб андохта аст

Ҳиндӯии оташи парастии кофари ошиқи кашӣ

Карда урёни хешро бар офтоб андохта аст

Оризаш оварда аз хати гардае бар рӯй кор

Аз нави ошӯбӣ ба дилҳои хароб андохта аст

Холи лабро котиби тақдир дар таҳрири сунъ

Нуқтае бар рӯй хат интихоб андохта аст

Аз лабу дандон ӯ кардам савол оҳиста гуфт

Ақди марвориди соқӣ дар шароб андохта аст

Нест Аслан раҳм дар дили глрхони даҳр ро

Бе сабаби қассоби худро дар азоб андохта аст