Аз қадати имрӯзи гулшанро сафоӣ дигар аст

Сарви мавзуни туро нашав ва намой дигар аст

Гарчи мебахшад ҳаёти ҷовдонии оби Хизр

Лек оби теғи нозатро бақоӣ дигар аст

На ба канъон мекунам ӯро баробар на ба Миср

Юсуфи пари қимати моро баҳои дигар аст

Зуд бар гул менишинад лангар аз имдоди халқ

Киштии умеди моро нохудоӣ дигар аст

На ба рӯзи васл май созам на бо шоми фироқ

наметавон донист дилро муддаоӣ дигар аст

Дар дрёри ғами насибони нўшдорў боб нест

Захми мижгони хӯрдаи дилҳоро давоӣ дигар аст

Куштаи теғ дигар қассоби гаштан шарт нест

Маслах ӯ баҳри қурбонгоҳи ҷой дигар аст