Меҳри ту ба ҳар сина аёнаст ва аён нест

Чун акс дар ойӣна ниҳонаст ва ниҳон нест

Бо халқи ҷаҳони чашми сияҳи масти ту гуё аст

Ин турфа ки бо ҷумла забонаст ва забон нест

Фарёд ки сарриштаи ошӯби ду олам

Пайваста дар он мӯӣ миёнаст ва миён нест

Дарди ғами ишқи ту расидааст ба сад ҷон

Ин ҷинси бад-ӣни нарх гаронаст ва гарон нест

Чун рӯй ту хуршеди маро дар назар ояд

Ҳайрат задаам зонкаҳ на онаст ва на он нест

Абрӯаш камонаст ва камонаш натавон гуфт

Қурбон шавам онро ки камонаст ва камон нест

То дидаи зи дил хӯн раваду боз пас ояд

Оби сари ин чашма равонаст ва равон нест

Бар ҳар ки занад тири ҷафое ба ту банданд

Қассоби туро сина нишонаст ва нишон нест