Рафта рафта рафтам аз ёдат бибин аҳвол чист
Даври гаштам то кунам шодат бибин аҳвол чист
Додаам то дил ба бедодат бибин аҳвол чист
Ҳеҷ гуҳ нагузаштам аз ёдат бибин аҳвол чист
Шарти дилдорӣу расми меҳру ҳақи дӯстӣ
Ҳуби дунёи барад аз ёдат бибин аҳвол чист
Ман гирифтам сайдгоҳ туаст олами оқибат
намекашад дар дом сайёдат бибин аҳвол чист
Ҳар чаҳ ҳаст аз сунъ наққошаст чашмӣ боз кун
То бадоне чист эҷодат бибин аҳвол чист
Теғ кин бигзор аз каф кин дил бекӣна ам
Захм ҳо дорад з бедодат бибин аҳвол чист
Оқибати қассоби зулми хасму ҷаври рӯзгор
Аз ватан барканд бунёдат бибин аҳвол чист