Он шӯхи дили орои рухи зебоаш латиф аст
Бар рӯй чу гули зулфи чилипоаш латиф аст
Чашми сияҳаш номи худои маъдан ноз аст
Тарзи нигаҳи наргиси Шаҳлоаш латиф аст
Ҳар лаҳза кунад ҷилва чу товус ба рангӣ
эй дили нигарони шӯ ки тамошоаш латиф аст
Рухсори гулу лаби гулу болои гулу тани гул
Чун дастаи гули ҷумлаи аъзоаш латиф аст
Дар васфи руху лаълу хату қомати раъноаш
Қассоб чаҳ гӯям ки саропоаш латиф аст