Дар кафи ошиқ ба ғайри барги коҳӣ беш нест
На фалаки пешаши нишони тири оҳӣ беш нест
Чист ин тӯли амл фикрӣ кун эй сусти эътиқод
Бар сар омад ваъдаи охири солу моҳӣ беш нест
намеравад аз боди хуштар аблақи лайл ва наҳор
Рӯзу шаби як гардиши чашми сиёҳӣ беш нест
Чанд дар ҳомӯн тавон гардид эй ҳақи ношинос
То ба манзилгоҳи ҷонони мади оҳӣ беш нест
Оташи кин чанд афрӯзӣу хоҳӣ сӯхтан
Устихони ман ки як мушти гиёҳӣ беш нест
Дар раҳаши қассоб чун бсмл шудӣ таслим бош
Дасту по то чанд охири қатлгоҳӣ беш нест