Бо ту ҳамин як суханам орзӯ аст
Гуфтану қурбон шуданам орзӯ аст
Пеши қади шамъи ту парвонаи вор
Пар задан ва сӯхтанам орзӯ аст
Вақт шуд аз дидаи баборами сршг
Ғӯта ба дарё заданам орзӯ аст
Лолаи сифати панҷаи хунини зи ғам
Пеши ту бар сар заданам орзӯ аст
Қаду рух ва тан бинмо дар чаман
Сарву гулу ёсуманам орзӯ аст
Кард дилами азми зи худ рафтанӣ
Давр шудани зини ватанам орзӯ аст
Нашъаи дигар май тавҳиди рост
Ҷуръаи бад-ӣн май заданам орзӯ аст
Бош ту қассоб ки гуфтааст файз
Ҳалқаи он дар заданам орзӯ аст