Он кас ки бори ишқ ба оҳӣ кашида аст
Бошад чунончии кӯҳ ба коҳӣ кашида аст
Чун сайди захми хӯрдаи ман дили шикаста ро
Чашми ту бар замин ба нигоҳӣ кашида аст
Баҳри шикасти дили мижаҳо бастаанд саф
ё подшоҳи ғамза сипоҳӣ кашида аст
Аз офтоб оризат омад брири зулф
Дили хешро ба турфа паноҳӣ кашида аст
Рӯй туро гирифтаи хати сабз дар миён
ё ҳолаи гирди ориз моҳӣ кашида аст
Қассоби даҳри сифлаи туро баҳри поймол
Чун хори ҷода бар сар роҳӣ кашида аст