Манам ки васфи ту ороиши баён ман аст

Ҳаловати суханати қӯти забон ман аст

Суроғи манзилам аз гулистон чаҳ май пурсӣ

Баланди шуълаи з ҳарҷо шуд ошён ман аст

Шаҳиди ишқи ту ҷовид зинда ме монад

Насозам ар ба фидои ту ҷони зиён ман аст

зи оташӣ ки маро дар диласт баъди вафот

Чароғ рӯй мазори ман устихон ман аст

Кунадгар оби мисоли ман оби оина ро

Ғубори хотири ман ҷисми нотавон ман аст

Ба даргаи ту баровардаам кафи ҳоҷот

Ки остони азизи ту осмон ман аст

Якеаст нури даруну буруни ман қассоб

Чу шамъи ончӣ ба дил ҳаст дар забон ман аст