Сайри дунёи як қадам нашаву намое беш нест

Ҳамчуи гул дар суҳбати боди сабое беш нест

Нақди ҳасан ӯ ба дасти мо чу ояд ме равад

Васли ошиқро ба кафи ранги ҳиное беш нест

Дидаи ботини ду оламро тамошо ме кунад

Чашми зоҳирбини чароғи пеши пое беш нест

Ошиқ аз як дидани қотил тасаллӣ ме шавад

Кушта ӯро нигоҳаши хӯни баҳоӣ беш нест

Мақсади риндони зи олами волаи ҳам гаштан аст

Варна ин ойӣнаи гетии намое беш нест

Зоди роҳии гир эй қассоб омад вақти кӯч

Кин ҳамаи маъмураи як меҳмони сарое беш нест