Танҳо дар ин ҳаво на ҳамин об карда ях
Шери фалак ба коса маҳтоб карда ях
Дар кунҷи ғунчаи лаби ширини гули рухон
Аз сардии оби бӯса чу унноб карда ях
Бедори доне аз чаҳ нигараданд гули рухон
Дар раҳгузори дидаи шан хоб карда ях
Дар оташи танури ҷаҳони сӯзи каллаи паз
Қуллоби обу дизӣ сероб карда ях
Устоду косаи шӯру харидори мондаи хушк
Деги ҳалиму коса қндоб карда ях
Боғу дарахту чашмау бустону боғбон
Кишту замину ҳосил арбоб карда ях
Чӯпону чӯбу лошкшу гӯсфанду гов
Сотўру сангу мсқл қассоб карда ях