Ин зулф сияҳ нест ғами ҷони ман ин аст
Ошӯби расони шаби ҳиҷрони ман ин аст
Ҷамъияти аҳволи парешони ман ин аст
Сарриштаи куфри ману имони ман ин аст
Дар ҳар ду ҷаҳони силсилаи ҷунбони ман ин аст
Дерӣаст ки дил дар шикани мӯӣ ту дорам
Ҷон дар қадами қомати дили ҷӯй ту дорам
Афсар ба сар аз хоки сари кӯй ту дорам
Дил дар ҳаваси турраи гесуӣ ту дорам
Ман булбуламу сайри гулистони ман ин аст
Қадат ба чамани ҷилва чу бунёди намояд
Аз рашк , туро сарв ба шамшоди намояд
Худ бандаи ту чун ман озоди намояд
Манъаш макун ар дили зи ту бедоди намояд
Дар гулшани дили сарви хиромони ман ин аст
Хоҳам ки ба қурбони туу таври ту гирдам
Биншинӣу пргорсФти даври ту гирдам
Қурбони ту аз баҳри туу ҷаври ту гирдам
Бархезаму ёқӯби сифати даври ту гирдам
Ёрон чаҳ кунам Юсуфи канъони ман ин аст
Ҷузи лухти дил аз хон ғамат баҳр надорам
Дар косаи базми ту ба ҷуз заҳр надорам
Ҷое ба ҷуз аз кӯии ту дар даҳр надорам
Ғайр аз ту касе ман ки дар ин шаҳр надорам
Сарви ману боғи ману бустони ман ин аст
То сар зада хати ту , ба дили ғолия без аст
Абрӯии ту умрӣаст ки бо мо ба ситез аст
Бозуии ту пари қӯту шамшери ту тез аст
Бисёр азизон , барам ин моҳ азиз аст
Дар хилвати дили шамъи шабистони ман ин аст
эй шӯх ба ширинии гуфтори ту савганд
Бар чошнии лаъли шкрбори ту савганд
Бар ҳошияи мусҳафи рухсори ту савганд
Бар холу хату оризи гулнори ту савганд
Савганд ба хати ту ки қуръони ман ин аст
Имрӯзи дилами косаи дарюза ман нест
Имрӯзи пар аз хӯни ҷигари кӯза ман нест
Номаши зи шарафи нақш ба фирӯза ман нест
Қассоби ғамаши ҳамдами имрӯза ман нест
Дерӣаст ки дарди ману дармони ман ин аст