зи гул бо рӯй ту бошад фироқам

Чаро бо рӯй ту бошад марои ғам

Набинам ғайри рӯят дар ҷаҳон рӯй

Туе дар олам эй чашму чароғам

Басии доғи фироқат дар дилам буд

Муҷаддад кардае бар синаи доғам

Маро бо рӯйу қадат эй длором

Фароғат бошад аз бустону боғам

Ба васлат булбулӣ будам санохон

Кунун аз доғи ҳиҷрони ҳамчуи зоғам

Агарна сарви қадат дарбар ояд

Ба дида дар наёяд боғу роғам

Насими субҳи буи зулфаш оварад

зи анбар тоза шуд бории димоғам