Кунун умрӣ ки саргардони ишқам
Ғариқи баҳр бе поёни ишқам
Алоҷи дарди моро чорае соз
зи алтофат ки ман нолони ишқам
Худоро бо табиб ман бигӯед
Надонад ҳечкас дармони ишқам
Надорам ихтиёрӣ бар дили хеш
Кунун умрӣ ки саргардони ишқам
Бикун раҳмии бад-ӣни мискини дили ман
Ки ман бас бесару сомони ишқам
зи абри лутфат эй ёри длором
Ба сари боради ҳамеи борони ишқам
Насиҳат кам кунедам дар ғами ишқ
Мусулмонон ки ҷон дар ҷони ишқам
зи ҳиҷрони рахт эй нури дида
Расида бар фалаки афғони ишқам
зи ғамза бар ҷаҳон омад хадангӣ
Нашуд беруни зи дили пайкони ишқам