Чу ман ошуфтаи он зулфу холам
Аз ин беҳтар назар мекун ба ҳолам
Шаби ҳиҷрони ту бас ҷон гудозаст
Туе чун моҳ ва ман ҳамчун ҳилолам
Манам мӯрии заъиф аз нотавонӣ
Макун якбораи ҷонои поймолам
Ба васлати як шабӣ бинавозам охир
Ки бигирифт аз ғами ҳиҷрони малолам
Биҷуз мадҳат наёяд бар забонам
Биҷуз рӯят набошад дар хаёлам
Агар бар васл ту ёбам шабии даст
Кафи пои туро дар дидаи молам
Бигӯям шамае дарди дили худ
Дар он ҳазрат агар бошад маҷолам
Ба лаби ташна ба ҷони хастаи зи ҳиҷрон
Ба паҳлу меравад оби зулолам
Яқин аз пои даройади пои умед
Агар дастӣ набошад поймолам
Шабӣ то рӯз хоҳам бо ту бӯдан
Агарчӣ дар паии фикрии маҳолам
Чу чашми ту на махмур ва на мастам
Чу зулфу холи ту ошуфтаи ҳолам