Бигирифт зи дасти ғами малолам
Бошад ки назар кунӣ ба ҳолам
Ман булбули маст дар гулистон
Аз шавқи Рахш чаро нанолам
Дар ҳасрати он ҳилоли абрӯ
эй дӯст бибин ки чун ҳилолам
Ошуфта ба ишқи он парии рӯ
Муштоқ бидон ду зулфу холам
Дар васли ту чун алифи қадам буд
Вомрўзи зи ҳиҷри ҳамчуи долам
Бо онкӣ маро намекунӣ ёд
Икдм нарӯй ту аз хаёлам
Дар банди фироқи ту гирифтор
Маҳрӯм ба як раҳ аз висолам
Саргашта чу Хизр бар лаби ҷӯй
Бар лаби бчкон аз он зулолам