Чарое ин чунин фориғи зи ҳолам
зи дарди ҳиҷри ту то чанд нолам
зи ман пурсӣ ки чунӣ ҷонам эй ҷон
Гирифт аз ҷони худ бе ту малолам
Ба ҳиҷронам бигӯ то кӣ кунӣ қайд
Шабӣ нанавозӣ охир аз висолам
зи оҳи сўзноками зулфи худ байн
Ки ҳолаш шуд парешонтар зи ҳолам
Накардӣ аз висолами як замони шод
Басӣ додӣ ба ҳиҷрони гӯшмолам
Чаҳ бошад ар ба лутфати шарбати обӣ
Диҳӣ зон чашмаи оби зулолам
Магар дар субҳдами оради насимӣ
зи сӯии лутфи ту боди шимолам
Камолашро кмоҳӣ чун бигӯям
Чу ман мадҳуши ҳайрон дар ҷамолам
Хаёлаши мӯнис ҷон ҷаҳонаст
Вале як дам наёрӣ дар хаёлам