Охир назарӣ фикан ба ҳолам
Аз дасти фироқ чанд нолам
Бифирист хаёл то бибинад
Каз ҷаври ғами ту бар чаҳ ҳолам
Гуфтам магарат ба хоби байнам
Шавқ ту намедиҳад маҷолам
Ҷустем ҳилол дар шаби ид
Абрӯӣ ту гуфт ман ҳилолам
Бозоӣ ки дар фироқи рӯят
Бигирифт зи ҷони худ малолам
Бар хок дараш ниҳодаам рӯй
То бар кафи пои дӯсти молам
Васли ту чу дар ҷаҳон маҳоласт
Пайвастаи зи ҳиҷр дар хаёлам