То ҳаст ба ишқи ту тавонам
То ҳаст марои рамақи зи ҷонам
Даст аз ғами ту чигуна дорам
эй мӯнису роҳати равонам
Ҷонаст марои рахти худо ро
Сабр аз ту бигӯ ки чун тавонам
Аз дарди шаби фироқи борӣ
Чун чашми хуши ту нотавонам
Зин беш ба ҳиҷри худ нигоро
Аз дидаи мадори хӯни равонам
Дар ҳасрати сарви қомати ту
Чун оби равон ба сари давонам
Аз дарди фироқи он парии рух
Ҳар шаб ба фалак расад фиғонам
эй ёди ту мӯниси дилу ҷон
эй номи хуши ту бар забонам
Гар аҳди шикастаеу паймон
Дар аҳди ғами ту ман ҳамонам
Бисёр ситам макун вагар не
Зорӣ ба фалаки зи ғами расонам
Ҳар ҷавру ҷафо ки бар ман ояд
Ман раҳ ба дарӣ дигар надонам
Бинавоз маро ба васли ҷоно
Ҷузи лутф ту кист дар ҷаҳонам