Шаби висол муяссар намешавад чаҳ кунам

Съодтист чу бовар намешавад чаҳ кунам

Биҷузи хаёл ки ӯ нури дида ӣ басараст

Ба пеши дида мусаввир намешавад чаҳ кунам

Бибин ки тавсани айёми тунди сифлаи навоз

Ба ҳеҷ гӯна мусаххар намешавад чаҳ кунам

Шаби фироқ ки ториктар з рӯз манаст

Ба шамъи васл мунаввар намешавад чаҳ кунам

Баҳри зарӣ ки з рух дорам вази дидаи гуҳар

Гадои ишқ тавонгар намешавад чаҳ кунам

Ҳазор ҳилау дастон ба васл ӯ кардам

Ба ҳилаи кор муяссар намешавад чаҳ кунам

Сухан чу қанди мукаррар буд маро ба ҷаҳон

Чу зикри дӯст мукаррар намешавад чаҳ кунам