Бо дарди ишқат дармон нахоҳам
Бо сури зулфат сомон нахоҳам
Фирдавси аъло гар ме диҳандам
Бошад ки ман беҷонон нахоҳам
Бо ранги рӯяти гул хор бошад
Бо сарви қадат бустон нахоҳам
эй нури дидаи бозои казин беш
Аз рӯй хубат ҳурмон нахоҳам
Рӯзи фироқат шабҳо надорад
Шабҳои васлат поён нахоҳам
Зин беш ҷоно аз дарди ҳиҷрон
Ман чашми худро гирён нахоҳам
Дар аҳди васлат эй нури дида
Ҷузи ҷони ширин қурбон нахоҳам
Бар оташи ҳиҷр эй ҷони ширин
Мискини диламро бирён нахоҳам